Ширкати «IRS» ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешид
ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии худ тадбирандешӣ менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» роҳандозӣ гардидааст.
«Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои электронии пардохтӣ бартариҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, ин омил ба коҳиш ёфтани гардиши пули нақд, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад, сабаб мегардад», — афзуд манбаъ.
Бояд зикр намуд, ки гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ ба кам шудани танбашавии мошинҳо дар плазаҳои толлингӣ замина фароҳам меорад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он хубтар мешавад
Ба иттилои манбаъ, истифодаи хизматрасонии мазкур аз шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар плазаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон банкомат ва POS — терминалҳо насб шудаанд, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии «Корти миллӣ», «Visa International», «Union Pay» метавонанд бе комиссия ҳаққи гузаришро аз плазаҳои толлингӣ пардохт намоянд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






