Сироҷиддин Икромӣ: «Сармоя ва дороиҳои «Амонатбонк» афзудаанд»
ДУШАНБЕ, 23.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Сармояи яке аз бонкҳои муваффақ ва пешсафи мамлакат –«Амонатбонк» ба андозаи беш аз 10 фоиз афзоиш ёфта, ба 417,2 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин ИКРОМӢ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки рисолати «Амонатбонк» ҳамчун бонки мардумӣ аз пешниҳоди хизматрасонии босифату сатҳи баланд ба аҳолии мамлакат иборат мебошад. Дар ин росто, қариб се ҳазор нафар кормандони «Амонатбонк» дар тамоми манотиқи мамлакат ба зиёда аз 20 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 720 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 миллион нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 маркази хизматрасониҳои бонкӣ хизмат мерасонанд.
Бо дахли муваффақиятҳои бонки мардумӣ раиси «Амонатбонк» зикр намуд, ки даромади софи бонк дар ин давра 20,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 13,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дороиҳои «Амонатбонк» 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 3,8 миллиард сомониро ташкил дода, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8,3 ва 8,1 фоиз зиёд гардидаанд.
Ҳамзамон «Амонатбонк» бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва огоҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи «Қабули маблағҳои коммуналӣ» ба беш аз 400 маркази хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 адад зиёд аст.








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






