Сироҷиддин Икромӣ: «Сармоя ва дороиҳои «Амонатбонк» афзудаанд»

Июль 23, 2019 14:06

ДУШАНБЕ,  23.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Сармояи  яке аз бонкҳои муваффақ ва пешсафи мамлакат –«Амонатбонк»  ба андозаи беш аз 10 фоиз афзоиш ёфта, ба 417,2 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин хусус  имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ раиси Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин  ИКРОМӢ   дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 

Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки рисолати «Амонатбонк» ҳамчун бонки мардумӣ  аз пешниҳоди хизматрасонии  босифату сатҳи баланд ба аҳолии мамлакат иборат мебошад. Дар ин росто,  қариб се ҳазор  нафар  кормандони «Амонатбонк» дар тамоми манотиқи мамлакат ба  зиёда аз 20  ҳазор корхонаю ташкилот,  беш аз 720 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 миллион нафар пасандозгузорон  тавассути  75 филиал ва 546 маркази хизматрасониҳои бонкӣ хизмат мерасонанд.

Бо дахли муваффақиятҳои бонки мардумӣ раиси «Амонатбонк» зикр намуд, ки  даромади софи бонк дар ин давра 20,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 13,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин дороиҳои «Амонатбонк» 4,2 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 3,8 миллиард сомониро  ташкил дода,  дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8,3 ва 8,1 фоиз зиёд гардидаанд.

Ҳамзамон «Амонатбонк» бо мақсади  таъмини шаффофият   дар  самти қабул ва  интиқоли маблағҳои  коммуналӣ  ва огоҳ шудани муштарӣ  аз ҳолати қарздорӣ  ва пардохти  маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз  ба барномаи  «Қабули маблағҳои  коммуналӣ» ба беш аз 400 маркази  хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 153 адад зиёд аст.

Июль 23, 2019 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд