Сума Чакрабарти бо намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 521,7 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Ин нукта дар вохӯрии Президенти БАТР Сума Чакрабарти бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони тоҷик, ки имрӯз дар Душанбе доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ медиҳад.
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода Президенти БАТР Сума Чакрабартиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони асосӣ ва боэътимод маҳсуб ёфта, дар зарфи 27 соли ҳамкорӣ дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чашмрас мегузорад.
Зикр гардид, ки БАТР аз соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷкистон фаъолият дошта, самти фаъолтияти он асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо неруи барқ, идоракунӣ ва сарфаи неруи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ ва рушди соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР дар Тоҷикистон маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфта беш аз 840 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 585 миллион доллар ба бахши давлатӣ ва беш аз 260 миллион доллар ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ равона карда шудааст.
Инчунин аз ҷониби БАТР маблағгузории 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи беш аз 290 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.











Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад






