ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июл, душанбе, 210-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 29, 2019 08:00

29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро имзо намуданд.

***

8 сол пеш, 29 июли соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.

29 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии паланг.

***

Дар Молдавия – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 июли соли 2009 масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои иқтисод, амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуданд.

***

29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расид.

***

5 сол пеш, 29 июли соли 2014 Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 тасдиқ карда шуд.

***

29 июли соли 1783 дар Исландия заминҷунбии харобиовар ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, якчанд дарё самти равиши худро дигар карданд.

***

29 июли соли 1919 Ҳизби сотсиалистии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 1 миллион нафар сокинон шаҳри Гамбург Германияро тарк карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз кард.

***

Соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -23,0°С-ро ташкил дод.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад.

Июль 29, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш