Таэквондочии ҷавони тоҷик Муниса Ойматова дар Корея соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарбонуи ҷавони тоҷик Муниса Ойматова оид ба таэквондо WTF дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кумингёнг (G-1) соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида, 17 июли соли равон ба анҷом расид.
Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон, Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2» сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса Ойматова дар он мусобиқа низ сазовори медали нуқра шуда буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






