ТАМУЗИ* ТОБИСТОН! Моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарму тафсон боқӣ мемонад

Июль 6, 2019 09:21

ДУШАНБЕ, 06.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешбиниҳои мутахассисони Маркази обуҳавосанҷии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво гарму тафсон боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои номбурда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво давоми моҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои тобеи марказ ба  35-40 дараҷа мерасад. Дар ҷануби вилояти Хатлон 42-43 дараҷа гармӣ дар назар буда, ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ рӯзона аз 28 то 33 ва дар баъзе минтақаҳо то 35 дараҷа мерасад.

Дар ин моҳ боришоти зиёд пешгӯӣ намешавад. Танҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ аз меъёри муқаррарӣ каме бештар борон меборад меборад,- мегӯяд Фаридун Аҳмадзода.

Ба зикри сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тибқи пешбиниҳои дарозмуддат моҳи июли имсола на он қадар гарм шуда, мувофиқ ба моҳи июли  соли 2004 мебошад.

Давоми моҳи июл ҳангоми ноустувор шудани ҳаво шамол шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шиддати шамол  дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 17-22 метр дар як сония мевазад.

Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки  ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад. Аз ин сабаб ҳангоми  баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони  мамлакат тавсия дода мешавад, ки  дуру дароз зери шуоъҳои баланди  офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонанд ба бемории гармозадагӣ гирифтор шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки  ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ  мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз  аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки  ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво аз соати 11:00 то 17:00 бе зарурат  дар берун сайругашт накунанд. 

*Тамуз дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд, Москва, 1969) чунин тафсир ёфтааст: 1. Моҳи даҳуми сурёнӣ, ки ба моҳи июл рост меояд. 2. Тобистон; гармои тобистон

Июль 6, 2019 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид