То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун 12 иншооти дорои аҳамияти маҳаллӣ ба истифода дода мешаванд
РОҒУН, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Роғун ба истифодадиҳии 12 иншоот дар назар аст. Аз ҷумла, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва чойхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хосса зам менамоянд. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун 90 иншоот бунёд мегарданд. Аз ин шумора то имрӯз 55 адад иншоот, аз қабили мағоза ва тарабхонаи замонавӣ ба маблағи 428 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши доруворӣ ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба маблағи 914 ҳазор сомонӣ, бинои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ду адад истгоҳи замонавӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин баҳри зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии мамлакат то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси нақшаи таҳиягардида 7 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд






