То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун 12 иншооти дорои аҳамияти маҳаллӣ ба истифода дода мешаванд

Июль 30, 2019 10:44

РОҒУН, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маркази шаҳри Роғун ба истифодадиҳии 12 иншоот дар назар аст. Аз ҷумла, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва чойхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хосса зам  менамоянд. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.  

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун  90 иншоот бунёд мегарданд. Аз ин шумора  то имрӯз 55 адад иншоот, аз қабили мағоза ва тарабхонаи замонавӣ ба маблағи 428 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши доруворӣ ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ба маблағи 914 ҳазор сомонӣ, бинои истеҳсол ва фурӯши  маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ду адад истгоҳи замонавӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин баҳри зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии мамлакат то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси нақшаи таҳиягардида 7 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Июль 30, 2019 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд