УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ. Посухи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба маводи сомонаи «Asia-Plus»

Июль 22, 2019 16:52

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаворои «Asia-Plus» яке аз нашрияҳои бонуфузи Тоҷикистон аст, ки саҳми арзандаи худро дар рушди ҳаёти маънавӣ ва иқтисодии мамлакат мегузорад. Аммо маводе, ки  11 июли соли равон дар ин сомона таҳти унвони «Дар умрам ба чашм онҳоро надидаам»: Сокинони Душанбе аз вакилон талаб доранд, ки «аз соя берун оянд» интишор ёфтааст, маро дар ҳайрат гузошт.  Дар ин мавод, мутаассифона, бисёр далелҳо беасос ва санҷиданашудаву ҳавоӣ омадаанд.

Муаллифи ин мавод, ки бо имзои Asia-Plus худро муаррифӣ намудааст, яъне исми аслии худро пинҳон доштааст, аз масъалае, ки мавриди пажӯҳишу гуфтугузор қарор додааст, комилан огоҳӣ надорад. Ӯ дар бораи фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сухан меронад, аммо заррае аз фаъолияту вазифаҳои аслии онҳо огоҳӣ надорад. Ин аст, ки мавод хеле сатҳӣ, суханҳо беасос ва ҳатто тӯҳмату дурӯғ дар ҳаққи намояндагони ҳукумати шаҳр, яъне вакилони шаҳр дар он роҳ ёфтаанд.

Муаллиф то ҷойе ҳавоӣ сухан меронад, ки дар байни вакилони Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе тафриқа намегузорад. Ҳол он ки дар оғоз дар бораи вакилони шаҳр будани мавод таъкид шуда, аксҳо аз ҷараёни  иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Ӯ гумон мекунад, ки вакилони Маҷлиси шаҳр мисли ваклони Маҷлиси намояндагон маоши баланд мегиранду мошинҳои хидматӣ доранд. Намедонад, ки тамоми заҳматҳои баъзан шабонарӯзиву беистироҳати вакилони шаҳр бемаош буда, вазифаи онҳо ҷамъиятист ва танҳо бар тақозои масъулияти  шаҳрвандӣ ва виҷдони ҳар вакил асос меёбад.

Албатта, наметавон гуфт, ки дар фаъолияти баъзе вакилони шаҳр ҳеҷ нуқсону камбудӣ нест, онҳо ҳастанд, шояд кам ҳам нестанд. Дар куҷо камбудӣ нест? Аммо муттаҳам кардани кулли вакилон, таҳқир кардани онҳое низ, ки фидокорона вазифаҳои вакилии худро иҷро мекунанд, риоя накардани одитарин одоби журналистӣ аз ҷониби муаллифи ин мавод ва интишордиҳандагони он корест  ношоиста.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барои вакилӣ маош намегирад, яъне озод нест ва барои дарёфти маош дар идора ва корхонае бояд кор кунад, то хонаводаашро таъмин намояд. Пас  ин масъулият ва вазифаҳои вакилӣ бори иловагие бар дӯши ӯ буда, вакили Маҷлиси шаҳр маҷбур аст танҳо аз ҳисоби  вақти холӣ, вақти фароғати худ, яъне аз ҳисоби рӯзу соатҳои истироҳат, аз ҳисоби вақти баъд аз кор,  ё аз ҳисоби вақти хобу танаффус онро ба иҷро расонад. Дигар кай вақт дорад, агар ӯ дар идора ё корхонае кор кунад?

Вақте ки шумо бо камоли ноогоҳӣ, таҳқиромез мегӯед, ки “А где их можно встретить? Я только вижу, как они со скоростью света мимо проезжают!”,  худ оё мефаҳмед, ки тӯҳмат ва таҳқир мекунед ва ҳамин одитарин чизро намедонед, ки ягон вакили Маҷлиси шаҳр мошини хидматӣ надорад, ки бо суръати барқ, чунонки мегӯед, аз бари шумо гузашта равад. Фарз кардем, ки як нафар раҳгузари одӣ инро намефаҳмаду чунин мегӯяд, аммо шумо як рӯзноманигори масъул ҳуқуқ надоред ин музахрафот ва дурӯғро дар чунин нашрияи бонуфуз бе ягон истиҳолаву андеша интишор диҳед!

Нақлиёти вакили шаҳр ҳамон автобусу троллейбус аст ва вақте ки мегӯед: ”дар куҷо ӯро бинем”, чашматонро калонтар кушода, ба бари худ нигоҳ кунед, ӯ дар ҳамон нақлиёти шаҳрӣ бо шумо ҳар рӯз бар ба бар аст, ба кор мераваду аз кор меояд. Ва ба маълумоти шумо расад, ки вакили шаҳр ягон имтиёзи фарқкунанда надорад, ба ҷуз он ки дар муддати ваколаташ аз нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне танҳо автобусу троллейбус метавонад бепул истифода барад. Аммо шумо хуб медонед, ки имрӯз агар ба умеди танҳо ин нақлиёт  шавед, наметавонед ҳама корҳоятонро сари вақт ба сомон расонед. Вакили шаҳр маҷбур аст  аксар вақт аз хизмати микроавтобус ва таксӣ истифода барад, то тавонад супоришҳои оҷили Маҷлиси вакилони шаҳр ва интихобкунандагонро ба иҷро расонад. Барои ин ба ӯ маблағе  пардохта намешавад, яъне ӯ бояд аз ҳисоби буҷаи шахсӣ ин корро ба сомон расонад.

Дар ҳамин мавод иқтибоси дигаре аз забони шаҳрвандон меояд: “Мо вакили худро на ин ки намебинем, балки на ӯро медонему на номашро медонем…”(Манижа Фирдавсӣ)

Дигаре мегӯяд: “Тасаввуроте надорам, ки  вакили мо кист, ман ӯро боре надидаам. Ҳаргиз надидаам, ки ӯ дар куҷо бо интихобкунандагон вомехӯрад… Ва барои кадом кору фаъолият ӯ дар назди кӣ ҳисобот медиҳад. Махфист!”(Наргис Ҳалимова)

Хоҳаракони азиз (агар номатон воқеӣ бошад), шумо ҳатто тасаввур намекунед, ки суханатон то куҷо ҳазён ва бебунёд буда, беандешагӣ ва бемасъулиятии инсониву шаҳрвандии шуморо фош мекунанд.  Аввалан вакил гунаҳгор нест, ки шумо ӯро намешиноседу номашро намедонед, ин далели ноогаҳӣ ва бетафриқагии худи шумост. Дуюм, ба маълумоти шумо расад, ки вакилони Маҷлиси шаҳр ҳар семоҳа дар ҳавзаҳои худ бо интихобкунандагонашон ҳатман вохӯрӣ мегузаронанд ва агар шумо мехостед, дар яке аз он даҳҳо вохӯрии гузаронидаи ӯ иштирок мекардед. Мутаассифона, вакил суроға ва телефони шуморо намедонад, ки шумои муҳтарамро шахсан худаш ба мулоқот даъват кунад. Баъдан, дар ҳар ҳавза ҳазорон интихобкунандагон ҳастанд ва вакил агар шабу рӯз, хона ба хона гардад ҳам, наметавонад ба дари ҳар яки онҳо бирасад.

Баъдан, агар шумо худатонро то ин дараҷа масъул меҳисобеду ғами кору масъалаҳои иҷтимоии шаҳрдориро мехӯред, ба ҷойи ин даъвоҳои беасос, агар мехостед, ақаллан ба тариқи телефон  аз мақомоти маҳаллӣ пурсон мешудед, ки вакилатон кист ва чӣ гуна бо ӯ метавон вохӯрд. На, хоҳаракони азиз! Ҳадафи шумо  аз чунин ҳарзагӯӣ ба ҷуз иғвобарангезӣ ва худнамоии арзон чизи дигаре нест.

Муаллифи мавод суханони аз кӯчаҳо гирифтаро бе ягон санҷиш,  аққалан боре дар  тарозуи ақли солиму мантиқи одӣ барнакашида меорад ва ҳама  камбудиҳои замон: масъалаҳои хонагирӣ, камбудии об, ифлосии канори хонаҳо ва ғайраву ғайраҳоро бар дӯши вакили бечораи шаҳр бор мекунад.

Бубахшед, то ҷойе танбалу танпарвару тайёрхӯр шудаем, ки ҳатто барои нағундоштани партовҳои атрофи хона, ҷӯйборҳое, ки аз партовҳои худи мо пур шудаву макони сироят гардида,  на танҳо шаҳрро бадбӯ кардаанд, балки ба саломатии мо ва кӯдаконамон таҳдид мекунанд ва ғайраву ғайраҳо вакили шаҳрро гунаҳгор мекунем. Чӣ? Шумо мехоҳед вакили шаҳр ҳар субҳ омада, ҳавлии хонаи шуморо рӯбад? Оё худи шумо барои тозагии атрофи хонаи худатон, ки аз дасти шумову кӯдаконатон чиркин шудааст, ягон масъулият ҳис намекунед? Боре хам шуда, ҳамон партови атроф ва ақаллан сари роҳи хонаатонро намебардоред? Мо ҳанӯз ҳам интизорем, ки ҳама корро касе меояду ба ҷойи мо мекунад, пас мо чӣ касем?

Бале, масъалаҳое ҳастанд, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз номи интихобкунандагон дар назди мақомот, идораву муассисаҳои масъулу вобаста ба он мебардорад, барои ҳаллашон кӯшишҳо мекунад ва кам нестанд вакилоне, ки бо кӯшишу заҳматҳои фаровон даҳҳо масъалаҳои  бардоштаи шаҳрвандон ва ё пешниҳодкардаи интихобкунандагони худро ҳал кардаанд. Даҳҳо ва ҳатто садҳо мисол метавон овард. Чӣ қадар трансформаторҳо иваз карда шуданд, моҷароҳои вобста ба замин ҳалли худро ёфтанд, мушкили оби биноҳо ҳал гардид; бо мусоидату дахолати вакилони шаҳр садҳо арзу шикояти шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор расонида шудаву аксарашон ҳалли худро ёфтанд. Ин ҷо мавриде нест, ки як-як онҳоро мисол орем, зеро дафтарҳо пур мешаванд.

Оре, на ҳама вакилон фаъоланд, шояд вакилоне ҳастанд, ки ваъдаҳо доданду иҷро накарданд. Аммо тамоми вакилони шаҳр  водор шудаанд, ки тибқи нақшае, ки таҳти назорати ҷиддии шаҳрдорист, ҳар семоҳа бо интихобкунандагони худ вохӯранд ва арзу шикоятҳошонро бишнаванд ва ягон вакил истисно нест. Шояд вакиле ба сабаби беморӣ ё доштани сафари хидматӣ  боре натавониста бошад дар чунин мулоқот иштирок кунад, аммо дар чунин маврид ҳам одатан мулоқоти ӯ бо интихобкунандагон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ  ба вақти дигар гузаронида мешавад. Аммо шумо бе донистану фаҳмидани ҳақиқати ҳол мулоҳизарониҳои ҳавоӣ мекунед ва шаъни вакил ва шаҳрдориро мехоҳед паст занед. Ноогоҳ аз он ки бо ин кор шаъни худро паст мезанед.

Дар атрофи ин мавод метавон баҳсро давом дод,  аммо намехоҳем сухан ба дарозо кашад. Ба мухбире, ки ин маводро навиштааст, мехоҳем бигӯем: Хоҳари азиз ё додари азиз, бигӯед, ки виҷдон ва инсофи шумо дар кадом узватон ҷойгир аст, ки аз суханонатон бӯйи ғараз, иғво ва тӯҳмат меояд?

Шояд муаллифи ин мавод гуфтанист, ки имрӯз озодии  сухан асту ӯ суханони мардумро ба сайт гузоштааст. Агар ин тавр ҳам бошад, бояд ба шумо бигӯям, ки аввалан тарғиб ва интишори тӯҳмату дуруғ, хусусан нисбат ба  вакилони Маҷлиси шаҳр, ки намояндагони ҳокимияти халқ ҳастанд, на ин ки раво нест, балки мешавад  мувофиқи қонун он қаламфарсоро ба  ҷавобгарӣ кашид. Баъдан, ҳамчун рӯзноманигори  собиқадор ба шумои муҳтарам бояд бигӯям, ки  журналист ҳомии адолату ҳақиқат аст, на барандаи иғвову тӯҳмату дурӯғ.

Аз ин рӯ бо истифода аз синну сол ва таҷрибаи андӯхтаам мехоҳам бародарона ба шумо ду насиҳат кунам: аввалан, ҳаргиз масъаларо наомӯхта, бе асос қалам нафарсоед. Дуюм, аз паси иғвову шӯрандозӣ ва шуҳратёбии осон наравед, ки як рӯз пушаймон хоҳед шуд. Ном ва нони журналист ҳамеша ҳалол будаасту ҳалол бояд бимонад. Аминам, ки маро мефаҳмед ва вобаста ба ҷавоби ман аз пайи иғвои навбатӣ намешавед. Номи ҳафтавори “Asia-Plus” -ро, ки бо ҳақиқатнигориву ҳомии адолату инсоф  будан дар байни хонандагон  маҳбубият дорад, бо шараф нигоҳ доред.

Фаромӯш набояд кард: умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва дурудароз рафта наметавонад ва аз ҳақиқат ҷои гурез надорад.

Дар охир мехоҳам зикр кунам, ки посухи банда ба маводи дар боло оварда бо хоҳиши аксари вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе навишта шудааст ва ҳадафаш сиёҳ кардани номи нашрияи “Asia-Plus” нест, балки гирифтани пеши роҳи иштибоҳҳоест, ки  метавонанд хонандаро ба  бардоштҳои нодуруст раҳнамоӣ кунанд.

 Камол НАСРУЛЛО,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ

 

ДАР АКС: Камол Насрулло дар қатори аввал аз рост

Июль 22, 2019 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад