Варзишгари ҷавони тоҷик Далер Ризозода соҳиби медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид

Июль 11, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавони шинохтаи  тоҷик Далер Ризозода дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни ҷавонон дар равияи юнонӣ-римӣ сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни ҷавонон 9 июл дар шаҳри Чон Бурии Тайланд оғоз шуда, то 14 июл идома меёбад. Дар чемпионат 308 нафар варзишгар аз 20 давлати қора иштирок доранд. Онҳо дар равияҳои гӯштини озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини занона миёни ҳам рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар мусобиқаи мазкур  4 варзишгари шинохта  Саидҷон Гулов (57кг), Шуҳрати Зафархон (61кг) дар гӯштини озод, Далер Ризозода (72кг) ва Азимҷон Ҳамидов (87кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ дар шаҳри  Тайланд намояндагӣ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки варзишгари  тоҷик  Далер Ризозода дар вазни 72кг рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Деокҷин Ан бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари ӯзбекистонӣ Алиҷон Ҳусейнов, ки медали нуқра гирифт, бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрд. Далер баъдан дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар паҳлавони  Қирғизистон Алмазбек Бегалиев бо ҳисоби 5:0 дастболо шуда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Медали тиллои ин вазнро Муҳаммадризо Маҳмуд Рустамии эронӣ соҳиб шуд. Варзишгари Ҳиндустон Раҳул Раҳул медали дигари биринҷиро ба гардан овехт.

Хотиррасон менамоем, ки  паҳлавони дигари тоҷик Азимҷон Ҳомидов дар вазни 87кг дирӯз дар қувваозмоии якумаш аз  варзишгари  ҳинду  Кумар Сунили мағлуб гашт.

Мусобиқоти гӯштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расид. 11-12 июли соли равон  бонувон гӯштин мегиранд ва 13-14 июл қувваозмоиҳои гӯштини озод баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки Далер Ризозода моҳи марти имсол дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар  шаҳри  Уланбатори Муғулистон сазовори медали нуқра гардида буд.

 

Июль 11, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд