Ёқуб Исмоилзода: «Ҳадафи Кумитаи рушди маҳал — ободу зебо гардонидани симои мамлакат мебошад»
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки имсол бори аввал дар тамоми қаламрави мамлакат баргузор гардид, на танҳо симои пойтахт, балки тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро гулафшон намуд. Аз дидани он на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ ба ваҷд омаданд. Матлаби мазкурро имрӯз, 16 июл муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб ИСМОИЛЗОДА зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Зикр гардид, ки бо мақсади эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба ҳама гунна зебогӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2019-2021 Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» эълон гардида, омодагиҳо дар ин се сол бо маром идома меёбанд.
Ҳамзамон бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуд.
Зикр гардид, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххас гардонидани вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ менамояд.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






