2 август нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии омор, МД «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 август Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввал соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.
Агентии омор нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур доир менамояд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотиро соати 09:00 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия нишастро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати молия баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Нозироти андозсупорандагони калони шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Шамсӣ, 5/3 баргузор мешавад.
Роҳбарияти МД «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд






