ҚАҲРАМОНИ РӮЗҲОИ МО! Мактаббача ду духтарчаи хурдсолро аз ғарқшавӣ наҷот дод
ДУШАНБЕ, 13.08.2019./АМИТ«Ховар»/. Дар замони мо ҳам барои каҳрамонӣ нишон додан ҷой ҳаст. Ба назари мо, ҳолатҳое, ки одамон ҳаёти худро дар хатар гузошта, ба дигарон кӯмак мерасонанд, имрӯз низ кам нестанд, вале на ҳамеша дар бораи чунин ҳолатҳо дигарон огоҳӣ меёбанд, зеро воситаҳои ахбори омма аҳёнан дар бораи чунин ҳодисаҳо менависанд. Худи қаҳрамонон намехоҳанд дар ин бора овозаю дарвоза кунанд: вақте, ки кас ҳаёти дигареро наҷот медиҳад, албатта, дар бораи шӯҳрат фикр намекунад. Мисоли яке аз чунин ҳодсаҳо — дар шарҳи хабарнигорамон Шукӯҳи ДАЛЕР.
Хонандаи синфи 11-уми мактаби № 21-и ноҳия Вахш Каримҷон Вализода ҳаёти ду нафар духарчаҳои хурдсолро, ки дар дарёи азиме ғарқ мешуданд, наҷот дод. Ҳодиса дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рӯзи Иди Қурбон ба вуқӯъ омад.
Мавзунаи 8- сола ва Фотимаи 6-сола субҳи барвақт бо мақсади Идгардак аз хона баромаданд. Вақте, ки онҳо мехостанд аз деҳаи худ-Меҳнатобод ба ҳамсоядеҳа- Машъал бираванд, роҳашон аз болои дарё мегузашт.
Онҳо кӯшиш карданд, ки аз болои қубур ба он тарафи дарё гузаранд, вале мувозинатро аз даст дода, ба об афтиданд.
«Дарёро метавон ба воситаи кӯпрук гузашт, вале сокинон бо мақсади кӯтоҳ кардани масофаи роҳи худ аз болои қубур мегузаранд», — мегӯяд модари духтарчаҳои ҷабрдида Шоира Ҳасанова.
Каримҷон Вализода, ки барои обгирӣ ба соҳили дарё омада буд, ғарқшудагонро наҷот дод. Ба гуфтаи ин мактаббача, ӯ аввал дасту по гум карда, лаҳзае чӣ кор карданашро надонист, баъд ба ҳамдеҳагонаш занг зад ва баъдан, ҳарчанд шиновариро натавонад ҳам, худро ба об партофта, духтарчаҳоро ба соҳил мебарорад.
Духтарчаҳо аз ҳуш рафта буданд. Хонандаи синфи 11 ба духтарон ёрии аввалин расонид: ба зону нишаст ва дасташро ба шиками онҳо гузошта, ӯ фишор дод…
Баъдан духтур ба волидони Мавзуна ва Фотима гуфт, ки агар Каримҷон саривақт ба онҳо кӯмак намекард, наҷот ёфтанашон дар гумон буд.
Рӯзи рух додани ҳодиса дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Вахш аз корнамоии Каримҷон огоҳӣ ёфт.
Сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон подполковник Сулаймон Исозода зикр намуд, ки 17 август дар чорабинии тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулода доир мегардад, ба Каримҷон ҷоиза месупорад. Барои ҷасорат ва қаҳрамонии ӯ.
«Кадом қаҳрамонӣ? – хоксорона суол кард Каримҷон зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», — волидонамон моро омӯзонидаанд, ки ба наврасон кӯмак расонем. Ҳар нафаре, ки ба ҷойи ман мешуд, чунин мекард».
Қаҳрамонӣ чист? Барои кӯмак расонидан ба касе, наҷот додани ҳаёти дигарон омодагӣ ва қобилияту маҳорат нишон додан, аз баҳри худ гузаштан…









АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд






