ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе бунёди муҳташамтарин иншоот — Боғи «Истиқлолият» оғоз гардидааст

Август 28, 2019 14:58

ДУШАНБЕ, 28.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пешазсохтмонии  Боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»  оғоз гардидааст. Алҳол дар ин мавзеъ дар баробари оғози корҳои пешазсохтмонӣ кӯчонидани аҳолие, ки замини хонаи онҳо тибқи  нақша ба ҳудуди ин боғ рост омадааст, идома дорад.

Масоҳати умумии  боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 30 гектарро  ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси «Кохи Ваҳдат», меҳмонхонаи «Авесто» ва Донишгоҳи омӯзгорӣ)  воқеъ мебошад.

Дар Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою  намоишҳои театришуда мутобиқ гардонида шудааст.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад.

Баландии умумии муҷассама  121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро  ташкил медиҳанд, ки он  рамзи 30 –солагии Истиқлолият ва  дар соли 91 –уми асри гузашта ба даст овардани  истиқлолиятро ифода менамояд.

Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Бунёди боғи «Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идомаи раванди созандигиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат дода, барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки  26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.

Озмуни мазкур 11 марти соли равон  бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷмӯъ дар озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд. Аз байни онҳо  6 лоиҳа барои омӯзиш ва баррасӣ ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар натиҷа  3 лоиҳа ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор гаштанд.

Бояд зикр кард, ки Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт.

Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун   ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик  арзёбӣ гардид.

Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки   сазовори ҷойи якум гардид, лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи «Дарахти ҳаёт» такя намуданд, ки он дар атрофи худ рамзҳои ёридиҳандаи дигар (гунбазҳо, ҳалқаҳо, фаввораҳо, лавҳадевори «Нигористон» ва монанди инҳоро)   пайваст намуда, ғояву мазмуни васеъро таҷассум менамояд. Аз ҷумла, «Дарахти ҳаёт» бо реша, тана ва шохаҳои он  рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории  ҳаёт, Тоҷпоя –рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, Гунбазҳо-ҳафт гунбази гирдогирди асосии муҷассама  меъморӣ шуда, рамзи 7 қабати осмон, 7 қабати замин, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро  ифода менамоянд.  «Нигористон» деворе мебошад, ки он бо сангҳои нодири табиии мамлакат бо санъати баланд кошинкорӣ  шудааст ва ӯ ҳамчунон девори минбар ба ҳисоб меравад, ки маркази онро нишони давлатӣ оро медиҳад. Ороиши зебою ҷилодиҳандаи «нигористон» зебопарастӣ, ҳунармандӣ ва санъатпарастии мардуми моро ифода менамояд,  Давраҳо баёнкунандаи рамзи само, гардиши мудаввари ҷирмҳои осмонӣ, беохиру абадӣ будани дунё, самимият, некӣ ва накӯсириштӣ мебошад. Фаввораҳо нишондиҳандаи ҳаёти мукаммал, ободиву фаровонӣ, нигоҳдорандаи тозагии тамоми ашё ва ҳастии  мавҷудоти зинда, рамзи покии нияту тозакорӣ буда, диёри обҳои мусаффо  ва дарёву кӯлҳои асрорангез доштани Тоҷикистонро  таҷассум менамоянд. Чароғҳо ва фурӯзонакҳо дар ҳавзҳо ва  фаввораҳо ҷой дода шудаанд, ки шабона рангҳои сурхчатоби ба гулхани оташ монандро меофаранд ва оташ яке аз рукнҳои ҳастии ҳаёт буда, баёнкунандаи рамзи офтоби оламафрӯз, гармӣ ва рӯшноӣ мебошад.

Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар  паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи  давлатдории тоҷикон  аз замони Зардушт  то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки  дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ  тасвир мегарданд.

Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар» 

 

Август 28, 2019 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд