АФЗАЛИЯТ БА МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Амнияти озуқаворӣ дар сурате таъмин мегардад, ки истеҳсоли маҳсулоти худиро афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем

Август 27, 2019 17:24

ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, Тоҷикистон ба марҳалаи рушд ворид шуд. Ҳамзамон бо ин пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шавад. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.

Ин матлабро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров зикр намуда, гуфт, ки  соҳаи кишоварзӣ аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат буда, дар таъмини яке аз ҳадафҳои асосии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-амнияти озуқаворӣ мавқеи асосӣ дорад.

Бино ба андешаи  мутахассисон, амнияти озуқаворӣ дар ҳоле таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ ва ҳадди ақал 20 фоизи он барои захира  басанда бошад.  Аз ин рӯ пешрафти  истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ  мебошад.

Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни   Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».

Аз ин рӯ ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои расидан ба ин ҳадаф тамоми захираву имкониятҳоро  ба ин самт сафарбар менамояд.

«Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи зарурати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ба миён омад. Ба ин хотир бо мақсади  таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ   ба корҳои доимӣ зарур дониста шуд, ки ба аҳолӣ замин тақсим карда шавад. Бо ин мақсад дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи аввали ба деҳқонон ҷудо намудани заминҳои минтақаҳои кўҳистон ва наздикуҳӣ оғоз гардид.

Инчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997  75  ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки  ин амал барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа мусоидат намуд»,- гуфт  Баҳодур Назаров.

Ба зикри номбурда, дар  раванди ислоҳоти иқтисодӣ соҳаи кишоварзӣ дар баробари дигар соҳаҳо  рушд ёфта, дар заминаи он шаклҳои нави хоҷагидорӣ, махсусан хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз шумораи онҳо беш аз 179 ҳазорро ташкил медиҳад.

То имрӯз бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат як зумра барномаву консепсияҳо, аз ҷумла Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд барномаҳои соҳавии дигар оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ қабул гардидаанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзор ва ислоҳоти соҳа,  фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум бамаротиб беҳтар шуд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайваста нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ батадриҷ боло рафта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2018 ба 26 миллиарду  370,3 миллион сомонӣ расонида шуд.

Ба  зикри сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзӣ,  соли 2018 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ аз ҷумла, истеҳсоли  ғалладона 1 млн 296 ҳазор тонна, пахта – 300,3 ҳазор тонна, картошка – 965 ҳазор тонна, сабзавот 2119 ҳазор тонна, полезӣ – 641,7 ҳазор тонна, мева – 447,7 ҳазор тонна, ангур 241,7 ҳазор тонна, гўшт – 261,9 ҳазор тонна, шир — 983 ҳазор тонна ва тухм – 450,2 млн донаро ташкил дод, ки  нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладона 991 ҳазор тонна ё 4,2 маротиба, картошка- 5,3 маротиба,  сабзавот — 3,4, полизӣ — 3,6, мева — 2,5, ангур 2, гўшт — 1,7 ва шир — 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Инчунин соли 2018 саршумори чорвои калони шохдор ба 2 млн 338,5 ҳазор сар, гӯсфанду буз 5 млн 661,6 ҳазор ва паранда ба 6 млн 656,8 ҳазор сар  расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 68 фоиз, гӯсфанду буз 68,7 фоиз ва паранда 70477 сар зиёд гардидааст.

Аз ҳисоби баланд гардидани нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба сари ҳар як нафар аҳолӣ аз соли 1991 то соли 2018, аз  ҷумла ғалладона аз 54,3 килограмм ба 143,9кг, картошка аз 32,3 кг ба 107,1 кг, сабзавот аз 112,1кг ба 235,4 кг, полезӣ аз 31,2 кг ба 72,3 кг, мева ва буттамеваҳо аз 31,6 кг ба 49,7 кг, ангур аз 21,6 кг ба 26,8 кг ва гўшт аз 6,9 кг ба 29,1 кг баробар гардид.

Сатҳи худтаъминкунии аҳолӣ нисбат ба соли 1991 бо ғалладона 2,6 маротиба, картошка 3,3 маротиба, сабзавот 2 маротиба, полезӣ 2,3 маротиба, мева 57 фоиз, ангур 24 фоиз ва гӯшт 4,2 маротиба зиёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки  имрӯз  низ имкониятҳои истифоданашуда дар рушди соҳаи кишоварзӣ хеле ҳам зиёд мебошанд. Аз ин рӯ метавон бо  истифодаи самараноки имкониятҳо  ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорворо зиёд намуда, ба ин восита ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсоли ватаниро боло,  сатҳи худтаъминкунии аҳолиро  беҳтар ва  устувории амнияти озуқавории мамлакатро нигоҳ дошт.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Август 27, 2019 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад
14 МАРТ-ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА. Давоми 32 сол фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»