Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ду корманди Вазорати нақлиётро боздошт намуд

Август 5, 2019 13:32

ДУШАНБЕ, 05.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Ҳакимов аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сардори Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои дастгоҳи марказии хадамоти мазкур Ф. Азизов барои омода ва пешниҳод намудани иҷозатнома аз шаҳрванд «А» 8500 сомонӣ талаб кардаанд. Номбурдагон аз ин ҳисоб қаблан маблағи 6800 сомонии онро гирифта, боз овардани 1700 сомонии дигаро талаб намуданд.

«12 июни соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ф. Ҳакимов баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 1700 сомонӣ дастгир карда шуд. Ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд»,-илова намуд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ф. Ҳакимов ва Ф. Азизов бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

 

Август 5, 2019 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд