Ансамбли «Бадахшон» дар Фестивали «Таронаҳои Шарқ» сазовори ҷойи сеюм гардид

Август 31, 2019 11:13

ДУШАНБЕ, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар  Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ», ки  дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид,  байни 28 ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз кишварҳои гуногун  сазовори ҷои сеюм дониста шуд. Ансамбли  мазкур  бо дипломи дараҷаи се, туҳфаҳо ва мукофоти пулӣ ба андозаи 2000 ҳазор доллари амрикоӣ қадр гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳунарпешаҳои Ансамбли «Бадахшон» бо  роҳбарии Соҳиба Давлатшоева дар назди  ҳайати ҳакамон ва тамошобинон, ки аз мусиқишиносону санъаткорон ва дӯстдорони ин санъат  аз 75  кишвари дунё иборат буданд,  суруду таронаҳои дилнишини «Попурӣ», «Баҳор»-и оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев ва «Дило ҷунам»-ро манзур намуданд.

Ҷои сеюм инчунин боз ба ду гурӯҳи дигар — Ансамбли «Айярхан» аз Федератсияи Россия, инчунин ба дуэти шашмақомхонон Азизҷон Абдуазимов ва Улуғбек Элмуродзода аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиқ дониста шуд.

Ҷои дуюмро Ансамбли «Арчибил» аз Туркманистон ва Ансамбли «Ҳатан» аз Муғулистон ба даст оварда, соҳиби диплом, туҳфаҳо ва 3500 доллари амрикоӣ гардиданд.

Ҳакамони ҷашнвора ҷои аввалро ба дуэти қомузнавозон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва Парвиз Қосимов аз Озарбойҷон лоиқ донистанд. Мукофоти пулии ҷои аввал 5000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шоҳҷоизаи Фестивали XII  байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба Меҳрнигор Абдурашидова аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон супорида шуд. Барандаи Шоҳҷоиза бо диплом, мукофотҳо ва 10000 доллари амрикоӣ қадр гардид.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» 340 нафар санъатшиносон, коршиносон, ҳунарпешагон ва рӯзноманигоронро аз 75 давлати дунё ҷамъ оварда буд.

 

Август 31, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид