Ансамбли «Бадахшон» дар Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» зери кафкӯбии мухлисон ҳунарнамоӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз аст, ки дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ҷараён дорад. Шоми дирӯз дар ин фестивал ансамблҳои фолклорӣ аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Аргентина, ИМА, Мянмар, Фиджи ва ҳунармандони Ансамбли мусиқию фолклории “Бадахшон” аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Соҳиба Давлатшоева баромад намуданд.
Зери кафкӯбии мухлисони сершумор суруду таронаҳои дилнишини «Попурӣ», «Баҳор»-и оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев, «Дило чунам» ва дигарон садо доданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол ҳунарнамоии иштирокчиён аз рӯи ду самт – «мусиқии халқӣ ва сурудҳо бо услуби касбӣ» ва «мусиқии муосир ё суруде, ки бо усули анъанавӣ эҷод шудааст» баҳо дода мешавад. Баромади ҳунармандонро аъзои ҳакамон иборат аз ҳафт нафар баҳогузорӣ менамоянд. Ба ҳайати доварони байналмилалӣ мусиқичиён, рассомон, оҳангсозон, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон Аслиддин Низомов шомиланд.
Барои ғолибони ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар фестивали имсола 340 нафар рассомон аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Бори аввал аст, ки дар фестивал намояндагони чунин кишварҳо, аз қабили Аргентина, Мянмар, Судон ва Фиджи иштирок доранд.
Маросими ҷамъбаст ва супоридани мукофот ба ғолибони Фестивали XII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» 30 август, соати 19:00 дар майдони Регистон баргузор мегардад.










«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






