Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд

Август 16, 2019 09:39

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Тайи чор рӯз-аз 12 то 15 август лагери тобистонаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизбони 80 нафар ҷавонони 17-18-сола аз саросари Тоҷикистон гардид. Лагери мазкур дар  доираи лоиҳаи «Шараф ва ҳуқуқ» /USAID/ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират /СБМ/ созмон дода шуд.

Лагери тобистона ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон бахшида шуда,  ҳадафаш шинос намудани ҷавонони тоҷик бо масоили ҳуқуқи инсон, савдои одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, зарурат ва роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи онҳо мебошад.

«Ин лагер ба ҷавонон имкон фароҳам овард, то фаҳмиши худро доир ба савдои одамон боло бурда, дар маҷмӯъ  оид ба масъалаи   муҳоҷират тасаввуроти худро мукаммал гардонанд. Ин ибтикор ба мисли тамрин буд  – ҷавонон дар радифи такмили андешаронӣ дар ҷамъият донишҳои зарурӣ омӯхта, ба зиндагӣ омода мегарданд»,- мегӯяд Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка.

Бояд тазаккур дод, ки муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои умдатарини СБМ буда, он ду даҳа инҷониб ба Ҳукумати Тоҷикистон дар тақвияти иқтидораш барои муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи онҳо мусоидат менамояд.

Август 16, 2019 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд