Ҷавонони шаҳри Норак ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват карда шуданд- бардошт аз ҳамоиш

Август 30, 2019 09:33

НОРАК, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  ҷавонони деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва фаъолҷавонони корхонаву муассисаҳои шаҳр  мулоқоти судманд  баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Рамазон Насриддинзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Илҳом Файзуллозода иштирок намуданд.  Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш масъулин вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, риояи қонунҳои амалкунанда, омӯзиши илмҳои муосир ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мазҳабҳои бегона, гиромӣ доштани фарҳанги миллӣ, аҳамияти ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки соли  равон аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар доираи амалигардонии нақшаи «Нақши волидайн дар тарбияи фарзанд» бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» ва Ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар истироҳатгоҳи «Чашма» ба таври ройгон ба истироҳати бофароғат  ҷалб гардиданд.

Дар робита ба ин иштироккунандагони ҷамъомад оид ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии  ҷавонон  ибрози назар намуданд.

Зимни ҳамоиш ҷавонони шаҳри Норак даъват карда шуданд, ки ба истиқболи ҷашни миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободкориро ба роҳ монда, ватандӯсту хештаншинос бошанд.

Август 30, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд