Ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Россия парвоз мекард, дар Оренбург фуруди изтирорӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии», ки аз Душанбе ба Жуковский парвоз мекард, дар Оренбург фуруди изтирорӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.
Бинобар сабаби бад шудани ҳолати кӯдак дар ҳавопаймо, фармондеҳи он тасмим гирифт, ки парвозро қатъ кунад.
«Ҳангоми иҷрои хатсайри U6 2424 дар масири Душанбе-Жуковский ҳолати духтарчаи соли таваллуди 2006 бад ва кори дилаш суст шуд. Барои расонидани ёрии саривақтии тиббӣ фармондеҳи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи наздиктарини Оренбург фуруд ояд», — гуфта мешавад дар гузориш.
Пас аз фуруд омадан, духтарчаро гурӯҳи ёрии таъҷилӣ пешвоз гирифта, фавран ба бемористон интиқол додаанд.








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид






