«Аввалин душмании наҳзатиён бо омӯзгору зиёӣ буд», «Ошкор намудани 86 ҳолати қонунвайронкунии замин», -шарҳи матбуоти даврӣ

Август 16, 2019 11:37

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (13.08.2019, № 155)   таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Иди саиди Қурбон муборак бошад!»  паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидааст. Дар ин паёми шодбошӣ, аз  ҷумла чунин омадааст: «Мехоҳам як нуктаи муҳимро, ки ба оростани дастархони идона вобаста мебошад, бори дигар таъкид намоям. Баъзеҳо дар ҷомеаи мо то ҳанӯз ҳангоми оростани дастархони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ медиҳанд ва ба ин васила ба буҷети оилаи худ зиён ворид менамоянд. Дар натиҷа, ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди саид, аз ҷумла хоксориву фурӯтанӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, фаромӯш мешаванд ва ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад.

Доир ба масъалаи роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ дар оростани ҳама гуна дастархон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ- Имом Абуҳанифа аз ҳадисе ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи саҳобаи пайғамбар- Ҷобир ибни Абдуллоҳ ёдовар шудааст, ки чунин аст: «Ҳамоно Пайғамбари Худо моро аз «таклуфа», яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд».

Аз ин рӯ, ҳангоми омодагӣ ва густурдани дастархон ба хотири ид ва пазироии меҳмон исрофкориву зоҳирпарастӣ ва кӯшиши аз дигарон беҳтару бартар буданро бо анъанаву оинҳои миллати бостонии тоҷик ва арзишҳои имониву эътиқодӣ вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ аст».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Сино ва илми ҷаҳонӣ», «Куруш. Ҷамоате барои ибрат», «Ховалинг. Сумҷҳоро хавфи нестшавӣ таҳдид мекунад!», «Рӯзгоре барои ибрат» ва  «Гулшиносон маъбади доноиянд» мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№98 аз 15.08.2019) аз нишастҳои матбуотӣ  таҳти сарлавҳаҳои  «ВМКБ. 332 силоҳи оташфишон мусодира гардид», «Беш аз 300 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд»,  «Ошкор намудани 86 ҳолати қонунвайронкунии замин», «Хуршед Икромӣ: «Зиёда аз 45 дарсади довталабон духтаронанд», «Солҳои 2006-2018 3600 зан ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд»,  «Содироти 128 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар», «Ҳолати чарогоҳҳои минтақаҳои зерлоиҳа беҳ гардид», «Файзобод. Масъулон баҳри бартараф намудани камбудиҳо супориши қатъӣ гирифтанд» ва  «Гулнора Ҳасанзода: «Гардиши савдои хориҷӣ 3,8 дарсад афзуд» хабарҳои васеъ ба нашр расидаанд.

Дар ин шумораи «Садои мардум» ҳамчунин  гузориши хабарнигорони рӯзнома аз Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2018», ки  8-10 август дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба чоп расидааст.

Шумораи навбатии Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (14.08.2019,№34) ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг инъикос карда, матни табрикоти Пешвои миллатро ба муносибати Иди Қурбон, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тағйироти кадрӣ нашр намудааст. Ҳамчунин зери рубрикаҳои «Дар партави Паём», «30-солагии Истиқлолияти давлатӣ», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Рӯзи сохтмончиён ва Рўзи варзишгарони Тоҷикистон хабар, гузориш ва  мақолаҳо ба хонандагони нашрия пешниҳод шудаанд. Муаллифи мақолаи «Спорт требует большего внимания!» аз он изҳори нигаронӣ  кардааст, ки бо вуҷуди дастовардҳо ҳанўз ҳам дар бахшҳои гимнастикаи варзишӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, дигар намудҳои гуногуни варзиши обӣ, камонварзӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда нашудаанд. Дар саҳифаи охири нашрия хабарҳо аз минтақаҳои гуногуни  мамлакат чоп шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (14.08.2019,№ 33)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин мақолаҳоро таҳти сарлавҳаҳои  зерин чоп намудааст: «Роҳнамое, ки ба меҳнати созанда даъват менамояд», «Терроризм  аз нигоҳи равоншиносӣ», «Зӯри мо намерасад, зӯри кӣ мерасад?», «Кибр-далели нокифоягии хирад», «Аввалин душмании наҳзатиён бо омӯзгору зиёӣ буд»,  «Холкӯбӣ дарди сар аст», «Рушди сайёҳӣ. Соҳаи сердаромадро бояд оқилона истифода бурд», «Дар селраҳа манзил насозед», «Аналгин барои табобат нест», «Ғизои солим»   ва    ғайраҳо.

Муаллифи  мақолаи «Аввалин душмании наҳзатиён бо омӯзгору зиёӣ буд»  пажӯҳишгар С.Зиёев нигоштааст, ки дар солҳои  охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони пошхӯрии он гароиши  мардум ба арзишҳои динӣ ривоҷ ёфта буд. Мутаассифона, озодиҳои динии  бадастомадаро   саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ суиистифода намуда, ҳар гуна иғвову шарорат ва афкори ҳангоматалабонаро дар зеҳни мардум ҷой дода, онҳоро тафсирҳои манфиатҷӯёна менамуданд. Номбурда зикр намудааст, ки ин гурӯҳ нағз дарк мекарданд, ки афсонаву хурофоти онҳоро олимон ва муаллимону зиёиён бовар нахоҳанд кард, зеро онҳо таърихан ҳам огоҳ буданд, ки донишмандон ба ёваи онҳо бовар намекунанд ва мардумро низ тавсия хоҳанд дод, ки аз дурӯғу буҳтонҳо парҳез кунанду ба он бовар наварзанд. Ҳамин буд, ки аз аввалин корҳои зиддимиллӣ ва зиддиинсоние, ки террористони наҳзатӣ солҳои 91-92 анҷом доданд, ин «ҳаром эълон кардани нони муаллиму духтур ва зиёӣ» буд.

Дар ин робита, С.Зиёев андеша дорад, ки «оҳиста-оҳиста обрӯй ва ҷойгоҳи муаллиму зиёӣ дар ҷомеа паст гардида, назару фикри  онҳо эътиборашро аз даст дод. Таъсири манфии ин тавтеа дар ҷомеа даҳсолаҳо идома пайдо карда, то ҳанӯз муаллиму зиёӣ натавонист он ҷойгоҳро, ки қаблан дар низоми кӯҳна дошт, сазовор гардад».

Дар саҳифаи аввали шумораи навбатии   нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт»  (№30 аз 14.08.2019)  Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Иди Қурбон нашр гардидааст. Дар ҳамин шумораи рӯзномаи мазкур   таҳти сарлавҳаи «Рӯзу моҳе, ки дӯсташ намедорам….»  порае аз китоби профессор, шодравон Худойназар Асозода «Достони зиндагӣ» чоп шудааст.

«Ҳифзи саломатии омма рӯйи дастонаш аст», «Маърифати харидор такмил мехоҳад», «Мақоми зан дар ҷомеа» «Табиби соҳибэҳтиром» аз мақолаҳои дигари ҷолибу хонданбоби рӯзномаи «Мароми пойтахт» маҳсуб мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 16, 2019 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд