АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ. Бостоншиносон дар шаҳри қадимии Карон расадхона пайдо кардаанд

Август 27, 2019 11:33

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд. Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд.

“Кай пайдо шудан ва то кай фаъолият кардани ин расадхона то ҳол маълум нест, таҳқиқот дар ин мавзӯъ идома доранд. Дар солҳое, ки шоҳ дар ин Қалъа зиндагӣ мекард, ин расадхона амал мекардааст”,  -мегӯяд Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ.

Ба гуфтаи ин бостоншиноси тоҷик, корҳои кофтуковӣ дар Қалъаи Карон имсол ба поён расида, дар назар аст соли оянда идома ёбанд.

Қаблан бостоншиносони тоҷик аз қалъаи қадимаи Карон се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об пайдо карда буданд.

Шаҳри бостонии Карони ноҳияи Дарвоз тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёни бостонӣ рост меояд.

Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Август 27, 2019 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст