Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи XXI байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Мусобиқаи XXI байналмилалӣ оид ба бокс бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгарон аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.
Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт. Ӯ вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон- Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.
5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори се медали тилло, дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






