БИСЁР ШИРИН ВА БОЛАЗЗАТ! Дар Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикани Душанбе истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд
ДУШАНБЕ, 03.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан доир гардид, ки дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ молҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Фестивали имрӯза аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барпо карда шуд.
Дар фестивал, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, доир гардид, даҳҳо намуди яхмос, обҳои ташнагишикан ва шарбати табиӣ ба намоиш гузошта шуда, сокинону меҳмонони сершумори пойтахт аз он дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки дар фестивал истеҳсолкунандагони яхмос ва обҳои ташнагишикан аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан зери суруду таронаҳои ватандӯстона ва соҳибистиқлолӣ доир гардида, дар он барои фароғати кӯдакон бозиву мусобиқаҳои гуногун ба роҳ монда шуданд.
Тавре масъулини фестивал ба мо иттилоъ доданд, дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ, тарғиби маҳсулоти онҳо ва муаррифии маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе аз мақсадҳои дигари Фестивал ба шумор меравад.
Роҳбари ширкати «Дӯсти Алишер», ки аз шаҳри Хуҷанд барои иштирок ва ба намоиш гузоштани маҳсулоти худ ба ин фестивал омадааст, зикр намуд, ки онҳо дар инҷо 20 навъи яхмосро ба намоиш гузоштаанд.
«Мо маҳсулоти худро дар бозори ватанӣ ба фурӯш мебарорем ва таҷриба нишон дод, ки ин кор имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Дар мавсим мо зиёда аз 1 тонна яхмос истеҳсол мекунем. Ҳамаи навъҳои яхмосро мо бо истифода аз технологияҳои муосири хориҷӣ ва маҳсулоти хоми ватанӣ ба истеҳсолот мебарорем», — афзуд мавсуф дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки дар доираи фестивал намоиш ва фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир шуда, ба истеҳсолкунандагони яхмос ва обҳои ташнагишикан ҷоизаҳо супорида шуданд.













Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






