БОЗ ДАР БОРАИ МАЛИКАИ ТИРАМОҲ. Пагоҳ дар ҷумҳурӣ Иди каду баргузор мегардад

Август 24, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 август дар шаҳри Душанбе Иди Каду баргузор мегардад. Ин ид тайи чор сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан иттилоъ дода буд, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд.

Иди каду  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти каду низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Пешвои миллат моҳи октябри соли 2018 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Кадуро барҳақ “маликаи тирамоҳ” меноманд. Он асосан моҳи сентябр пухта мерасад, вале  баъзе навъҳои дерпази он охири моҳи октябр низ ҳосил медиҳанд.  Баъзан кадуро “сабзавоти охирини сол” меноманд. Кадуро  аз тирамоҳ то зимистону баҳор дар ҷои салқин нигоҳ доштан мумкин аст, бар замми ин аз он метавон даҳҳо намуд  таомҳои болаззат томода кард. Дар Тоҷикистон аз он ширкаду ва шӯрбо тайёр мекунанд, бо каду самбӯсаю манту мепазанд. Итолиёвиҳо ба таоми ризотто ҳамроҳ мекунанд, дар Австрия аз он шнапс, дар Ҳиндустон —  ҳалво, дар Россия – шавла (каша) омода менамоянд.

Ҳамин тариқ, каду  яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам  онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд.  Ва иди каду низ доир мекунанд.  Масалан, дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Хитой фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки он ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.

Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо  гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз  оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин),  40 фоиз  равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз  сафеда дорад.

Шайхурраис Абӯали Ибни Сино   дар мавриди манфиати каду навиштааст.

Дар китоби «Канзи шифо»  ҷиҳати шифобахшии он чунин тавсиф шудааст: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, дар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.

Инчунин агар равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳоро, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.

Август 24, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид