БОЗ ДАР БОРАИ МАЛИКАИ ТИРАМОҲ. Пагоҳ дар ҷумҳурӣ Иди каду баргузор мегардад

Август 24, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 август дар шаҳри Душанбе Иди Каду баргузор мегардад. Ин ид тайи чор сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан иттилоъ дода буд, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд.

Иди каду  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулоти каду низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Пешвои миллат моҳи октябри соли 2018 дар Қасри Арбоби вилояти Суғд аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Кадуро барҳақ “маликаи тирамоҳ” меноманд. Он асосан моҳи сентябр пухта мерасад, вале  баъзе навъҳои дерпази он охири моҳи октябр низ ҳосил медиҳанд.  Баъзан кадуро “сабзавоти охирини сол” меноманд. Кадуро  аз тирамоҳ то зимистону баҳор дар ҷои салқин нигоҳ доштан мумкин аст, бар замми ин аз он метавон даҳҳо намуд  таомҳои болаззат томода кард. Дар Тоҷикистон аз он ширкаду ва шӯрбо тайёр мекунанд, бо каду самбӯсаю манту мепазанд. Итолиёвиҳо ба таоми ризотто ҳамроҳ мекунанд, дар Австрия аз он шнапс, дар Ҳиндустон —  ҳалво, дар Россия – шавла (каша) омода менамоянд.

Ҳамин тариқ, каду  яке аз зироати дар ҷаҳон маъмул буда, халқҳои зиёди олам  онро ҳамчун хӯроки серғизо истифода мебаранд.  Ва иди каду низ доир мекунанд.  Масалан, дар Россия Иди каду баргузор карда мешавад, дар Франсия, Германия, Хитой фестивали каду мегузарад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳатто Рӯзи миллии каду таъсис дода шудааст, ки он ҳар сол 26 октябр таҷлил карда мешавад.

Дар дунё 15 намуди каду мерӯяд, ки аз он дар Тоҷикистон 3 ё 4 намудашро мекоранд. Инҳо  гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду мебошанд. Коршиносони соҳаи тиб истеъмоли кадуро барои он тавсия медиҳанд, ки дар таркибаш то 11 фоиз қанд, 20 фоиз  оҳар, 0,2-0,7 фоиз моддаҳои пектинӣ, сафеда, намакҳои минералӣ (махсусан фосфор, витамин, аз ҷумла каротин),  40 фоиз  равғани хӯрданбоб ва 28 фоиз  сафеда дорад.

Шайхурраис Абӯали Ибни Сино   дар мавриди манфиати каду навиштааст.

Дар китоби «Канзи шифо»  ҷиҳати шифобахшии он чунин тавсиф шудааст: хӯрдани он ба мизоҷ сардӣ меоварад, дар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.

Инчунин агар равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳоро, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.

Август 24, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт
Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе — 2023
МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» омили пешгирии чангу ғубор аст
26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ
Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»