«ЧИЛДУХТАРОН» САЙЁҲОНРО ТОРАФТ БЕШТАР ҶАЛБ МЕСОЗАНД. Дар ноҳияи Муъминобод сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст
МУЪМИНОБОД, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои мутасаддии бахши сайёҳии ноҳия Сафаралӣ Фозилов, дар ҳашт моҳи соли равон беш аз 200 нафар аз маконҳои сайёҳии ин минтақа дидан намудаанд.
«Мӯъминобод диёри мардони сарбаланду накӯсиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад.Мавзеи зебои Чилдухтарон ва чашмаҳову гиёҳҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозиву ҳимматбаландӣ ном баровардаанд», — зикр намуда буданд се мсол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кории худ ба ин ноҳия.
Воқеан ҳам, шоҳкориҳои табиӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Чилдухтарон, обанбори Мӯъминобод, ёдгориҳои мансуб ба асрҳои 9-10, аз ҷумла қалъаи Мӯъминобод, Шоҳи Хомӯш, чашмаву обҳои табобатӣ, иқлиму нарму табиати зебо ва гиёҳҳои шифобахш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро торафт бештар ба худ мутаваҷҷеҳ месозанд.
Бинобарин дар ноҳия ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти хосса зоҳир мегардад. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ва дигар мавзеъҳо шароити мусоид барои қабули сайёҳон ташкил гардида истодааст.
Дар ноҳия «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» таъсис дода шудааст, ки ҳар нафар метавонад аз он васеъ истифода барад. Инчунин дар маркази иттилоотӣ барои сайёҳон хайма, радио, хати об, харитаи сайёҳӣ, рахти хоб ва хатсайри ноҳия ройгон пешниҳод карда шудааст.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия шиору банерҳо овезон карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки сайёҳон аз қалъаи Муъминобод, Чашмаи Хоҷа Хидир, Чашмаи Нур, Марқади Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, Ганҷинаи нақди адабии олим, адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Соҳиб Табаров дидан намуда, ба кӯҳи Чилдухтарон сафар менамоянд.
Дар ноҳия барои будубоши сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ меҳмонхонаҳои шакли нав сохта шудаанд, ки сайёҳон бе душворӣ дар онҳо иқомат карда метавонанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Муъминобод чун дигар шаҳру ноҳияҳо ободу зебо гардида, даҳҳо иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, сокинони ноҳия бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар бунёду навсозӣ ва ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон соҳибкорони маҳаллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар ноҳия ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардида, хатсайрҳои сайёҳӣ амал мекунанд.
С.ХОЛОВ,
хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»









Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






