Дар Бадахшон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷалби сохтору мақомоти давлатии гарнизони Хоруғ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ оғоз гардиданд. Ба машқҳо ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии ин гарнизон, сохтору мақомоти давлатию қудратӣ бо бонги хатар бардошта шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегии зиддитеррористӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои мусаллаҳ барои соли 2019 пешбинӣ шуда, он дар 3 марҳила ҷараён мегирад.
Дар баробари иштироки сохтору мақомоти давлатию қудратии Тоҷикистон дар ин гарнизон инчунин дар машқҳои муштарак ҷузъу томҳои Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ дар он ҷалб гардиданд.
Дар доираи баргузории машғулиятҳои омодагӣ-сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони Хоруғ ситоди муштараки идории қӯшунҳо ташкил гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои ин минтақа, захираҳои эҳтиётии даъватшавандагон ба он ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон техникаҳои хоҷагии халқ ва лавозимоте, ки барои чорабиниҳои муҳими низомӣ заруранд, истифода мегарданд.
Дар ин машқҳо дар баробари ҷалби ҳайати шахсии гарнизон, инчунин тамоми размгоҳҳои ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба майдони шартии ҷанг табдил ёфта, зимни ҷамъбаст дар машқгоҳи ҳарбии Ҷелондии ҳудуди ноҳияи Шуғнон машқҳои муштараки баталиёнӣ-тактикӣ доир карда мешаванд.
Дар он техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангиву артиллерӣ, чархболҳои ҳарбии МИ-8 ва МИ-24, техникаҳои гуногуни автомобилӣ ва дигар силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд. Ҷараёни баргузории тамоми амалиёти сохтору мақомоти ба машқҳо ҷалбгардида, ва омӯзиши мавзӯъҳои ба он пешбинишуда аз ҷониби ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора гардида, он таҳти назорати қатъии Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ҷараён мегирад.
Ҳадафи баргузории ин чорабинии муштараки низомӣ дар гарнизони Хоруғ- сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ вусъат додани қувва ба воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳию равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ дар минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 14 августи соли равон дар машқгоҳи ҳарбии Ҷелондии ҳудуди ноҳияи Шуғнон, ки дар баландии 3 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, ҷузъу томҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо тирпарронии ҷангӣ бо истифодаи авиатсияи ҷангӣ, танку тӯб, мошинҳои махсуси зиреҳдор, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда мешавад.










Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад






