Дар Бадахшон як тонна маводи ғизоӣ ва 13 ҳазор намуд доруворӣ мусодира ва нобуд карда шуд

Август 29, 2019 13:33

ХОРУҒ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи муштарак дар ҳайати мутахассисони Раёсати хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати назорати давлатии эпидемологӣ ва фармасевтӣ ба миқдори беш аз 13 ҳазор намуди доруворӣ ва 1 тонна маҳсулоти ғизоиро ба коми оташ партофтанд.

Сардори раёсати мазкур Ташриф Абдуллобеков гуфт, ки “давоми 8 моҳи соли равон мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят аз мағозаву дӯкон ва марказҳои тиҷроатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба миқдори 1 тоннаву 326 килограмм маҳсулоти гӯштиву ширӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан ва беш аз 16 ҳазор дона тухмро, ки муҳлаташон гузашта, барои истеъмол хатарнок шумурда шудаанд, аз муомилот берун карданд. Дар ин давра ҳамчунин аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 13 ҳазор намуд доруҳои пастсифат ва шубҳаовар мусодира гардиданд. Ҳамаи ин маводи ғизоӣ ва доруворӣ  дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуда, пас аз хулосаи комиссияи муштараки ниҳодҳои назоратӣ нобуд карда шуд”.

Сардори раёсати мазкур ба истеъмолкунандагоне, ки дар ошкор намудани маҳсулоти пастсифат ва хатарзо барои саломатии инсон бо ниҳодҳои назоратӣ ҳамкорӣ намуда, аз заҳролудшавии эҳтимолии харидорон пешгирӣ кардаанд, арзи сипос намуд.

Таъкид гардид, ки ҳар қадар харидорон ба санаи барориш ва муҳлати истеъмоли мол аҳамияти бештар диҳанд, ҳамон қадар сатҳи моли пастсифату хатарзо дар дӯкону мағозаҳо коҳиш меёбад.

 

Август 29, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад