Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Август 23, 2019 18:05

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён   иттилоъ дод, дар кори ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Кори ҷаласаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оғоз бахшида, тибқи барномаи ҷаласа дар он як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳамоҳангии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иттиҳод баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ намуда, дар самти боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ изҳори назар намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Шӯрои сарони кишварҳои иттиҳод иштирокчиёни он роҳҳои иҷроиши Консепсияи муносибатҳои низомии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои то соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Инчунин вобаста ба баргузорӣ ва натиҷагирии машқҳои муштарак, тақвияти таҷрибаи гузаронидани амалиёти зиддиминаҳо, густариш додани системаи муттаҳида дар соҳаи кимёвӣ ва биологӣ, дар бораи таъмини Воситаҳои иттилоотии топагиодезӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дигар масоил мароқ  зоҳир намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои мусаллаҳи аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздики 20 масъала дар доираи барномаи баргузории ҷаласаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Август 23, 2019 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд