Дар Душанбе сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид

Август 29, 2019 10:35

ДУШАНБЕ, 29.08.2019, /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар шаҳри Душанбе сеюмин ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии Вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки  Форуми байналмилалӣ оид  ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда мешавад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  маъюбон  зери ғамхории бевоситаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, баҳри фаъолият, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мавҷуда муҳайё шудааст.

Бояд зикр намуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва манифатҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020»  қабул  ва амалӣ гардида истодааст.

Муовини  Вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон шарикони рушдро ба ҳамкорӣ даъват намуда, иброз дошт, ки «садои маъюбон дар форум маҳз аз ҷониби мо, иштирокчиён садо медиҳад. Мусоидат  ба ҳалли мушкилоти маъюбон вазифаи инсонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин рӯ  бояд кӯшиш намуд, ки  форуми мазкур дар сатҳи баланд доир шуда, он  барои рафъи мушкилоти соҳа такони ҷиддӣ бахшад».

Дар охир  намояндагони ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ  назару пешниҳодоти  худро доир ба баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар  «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон доир мегардад.

Август 29, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст