Дар Лахш бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҳсил менамоянд, мулоқот доир гардид

Август 22, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал — майори милитсия Сафиало Азизулозода  бо ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Лахш  иштирок  доштанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  вохӯрӣ  дар атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии  шомилшави ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

С.Азизулозода инчунин доир ба масъалаҳои  таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи мамлакат, оқибатҳои фоҷиабори терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, фарҳанги  оиладорӣ ва  пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, иҷрои қарзи фарзандӣ барои ҷавонписарон — хизмат дар сафи  Қувваҳои Муасаллаҳ ибрози андеша намуд.

Ба ҷавонон ва донишҷӯён маслиҳат дода шуд, ки  дар кишвари бегона на танҳо риояи қонунҳои амалкунандаи он, балки эҳтиром ба  урфу одатҳои мардуми давлати иқомат муҳим аст.

«Инак соли хониши нав фаро мерасад ва шумо барои идомаи таҳсил ба мамлакати ҳамсоя меравед. Фаромӯш накунед, ки шумо дар ин кишвар бо рафтор ва одоби худ  миллати номдори тоҷикро муаррифӣ менамоед»,- таъкид намуд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт.

Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, аз дӯстию рафоқат сухан ронда, зикр карданд, ки онҳо давомдиҳандаи муносибатҳои неку дӯстонаи ду миллати ҳамсояю дӯст мебошанд.

 

Август 22, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд