Дар Лахш бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҳсил менамоянд, мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал — майори милитсия Сафиало Азизулозода бо ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Лахш иштирок доштанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ дар атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшави ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
С.Азизулозода инчунин доир ба масъалаҳои таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷи мамлакат, оқибатҳои фоҷиабори терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, иҷрои қарзи фарзандӣ барои ҷавонписарон — хизмат дар сафи Қувваҳои Муасаллаҳ ибрози андеша намуд.
Ба ҷавонон ва донишҷӯён маслиҳат дода шуд, ки дар кишвари бегона на танҳо риояи қонунҳои амалкунандаи он, балки эҳтиром ба урфу одатҳои мардуми давлати иқомат муҳим аст.
«Инак соли хониши нав фаро мерасад ва шумо барои идомаи таҳсил ба мамлакати ҳамсоя меравед. Фаромӯш накунед, ки шумо дар ин кишвар бо рафтор ва одоби худ миллати номдори тоҷикро муаррифӣ менамоед»,- таъкид намуд сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, ҷавонони ноҳияи мазкур, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд, аз дӯстию рафоқат сухан ронда, зикр карданд, ки онҳо давомдиҳандаи муносибатҳои неку дӯстонаи ду миллати ҳамсояю дӯст мебошанд.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






