Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз як корхонаи нав таъсис дода мешавад

Август 20, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2019 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»  /МОИ «Суғд»/ ифтитоҳи корхонаи тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, масоҳати корхона 1468 м2 буда, дар он истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол пешбинӣ шудааст. Корхона баъди пурра ба кор даровардани иқтидори умумӣ соли 2021 ҳаҷми истеҳсолиро то ба 1200 тонна дар як сол расонданист.

Нархи рақобатпазири маҳсулоти сифатноки корхона имконияти на танҳо таъмин намудани бозори дохилӣ, инчунин содироти онро ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад.

Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолии замонавӣ ва навтарин насб карда шуда, дар он 28 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 6 майи соли равон Комиссияи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалисозии лоиҳаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» қабул намуд. Маблағи сармоягузории лоиҳа 5,5 млн сомонӣ (қариб 580 ҳазор доллари ИМА) мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби довталаб барои гирифтани мақоми субъекти МОИ, корхонаи тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» пешниҳод гардид. Дар корхона истеҳсоли 350 тонна профилҳои ПВХ дар як сол ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда  30% ҳаҷми умумии лоиҳавиро дар бар мегирад.

 

Август 20, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст