Дар Москва ҷаласаи Шӯрои коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ баргузор гардид

Август 29, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони  Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки зарфи ду рӯз- 28-29 август дар пойтахти Россия- шаҳри Москва доир гардид, масъалаҳои    тақвияти ҳамкории хадамоти гумруки  кишварҳои ИДМ матраҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Коршиносони Шӯрои  роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзида, дар радифи як зумра масъалаҳои ташкилӣ лоиҳаҳои талаботи стандартҳои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумрук, технологияи муосири ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва интиқоли роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ, ки барои осон кардани содагардонии расмиёти ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ва мақомоти роҳи оҳан дар ҳудуди ИДМ нигаронида шудааст ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти гумрукиро матраҳ намуданд.

Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод, фаъолияти асосии Шӯро ба тахассус ва мутобиқати қонунгузории гумрук, ташаккули механизмҳои самарабахши тарифӣ ва танзими ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба муттаҳидсозии қоидаҳо ва тартиботи гумрукӣ, шаклҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини назорати гумрукӣ, ташкили табодули омори гумрукии савдои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои стратегӣ барои таъмини мақомоти гумруки ИДМ бо воситаҳои техникӣ нигаронида шудааст.

Дар ҷаласа сана ва макони баргузории ҷаласаи 71-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ  баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад сарчашма.

Август 29, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид