Дар садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 августи соли равон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ — ронанда ва мусофирони мошин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ Асоев Садриддин, сокинони шаҳри Душанбе Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», сокини шаҳри Душанбе Беҳзод Валиеви 47-сола ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст.
Аз сар задани ин фоҷиаи нохуш корбари Фейсбук Малика Урфонзода дар саҳифааш хабар дода, навиштааст, ки ҷасадҳои қурбониёни садамаро то ҳол пайдо накардаанд. Ҳодиса дар шоҳроҳи Зиғар-Дарвоз рӯй дода, мошинро бо 5 нафар мусофиронаш, ки ҳама аз як авлод будаанд, амвоҷи пуртуғёни Панҷ дар як лаҳза ба комаш кашидааст. Номбурда навиштааст, ки «рӯзи якшанбе тӯйи додарам буд. Сарояндаҳо, хешу табор, ёру дӯстон ҳама ба маҳфил даъват шуда буданд, аммо якбора ин фоҷиа ба сари авлоди мо омада, тӯй ба мотамхона табдил ёфт…».
Ҷустуҷӯи ҷасади 5 нафар қурбониёни ин садамаи хунин идома дорад.








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






