Дар садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 нафар ба ҳалокат расиданд

Август 3, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 03.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  1 августи соли равон  дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ  5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ — ронанда ва мусофирони мошин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ Асоев Садриддин, сокинони шаҳри Душанбе Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ронандаи  мошини  тамғаи «Опел-Астра»,  сокини шаҳри Душанбе Беҳзод Валиеви 47-сола ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ,  дар ҳудуди мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ  чаппа намудааст.

Аз  сар задани ин фоҷиаи нохуш корбари Фейсбук Малика Урфонзода дар саҳифааш хабар дода, навиштааст, ки ҷасадҳои қурбониёни садамаро то ҳол пайдо накардаанд. Ҳодиса дар шоҳроҳи Зиғар-Дарвоз рӯй дода, мошинро  бо 5 нафар  мусофиронаш, ки ҳама аз як авлод будаанд, амвоҷи пуртуғёни Панҷ дар як лаҳза ба комаш кашидааст. Номбурда навиштааст, ки «рӯзи якшанбе тӯйи додарам буд. Сарояндаҳо, хешу табор, ёру дӯстон ҳама ба маҳфил даъват шуда буданд, аммо якбора ин фоҷиа ба сари авлоди мо омада, тӯй ба мотамхона  табдил ёфт…».

Ҷустуҷӯи ҷасади 5 нафар қурбониёни ин садамаи хунин идома дорад.

Август 3, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид