Дар ярмаркаи мактабии шаҳри Конибодом либосҳои «Маликабону», «Имдоди Ғайрат», «Фаррух», «Зайнаб», «Гулдаст» ва «Ниҳол» ба фурӯш гузошта мешаванд

Август 14, 2019 16:05

ХУҶАНД, 14.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 август бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар маркази шаҳр бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ашёи хониши таълимӣ ва либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ ярмаркаи лавозимоти мактабӣ доир мегардад. Дар робита ба ин имрӯзҳо масъулини сохторҳои марбута, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Тавре масъули бахши иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,   имсол дар ярмаркаи мактабӣ либосҳои коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр, чун «Маликабону», «Имдоди Ғайрат», «Фаррух», «Зайнаб», «Гулдаст» ва «Ниҳол», ки бо пешниҳоди дӯхти босифат, дизайни муосир ва арзиши дастрас дар бозори маҳаллӣ мавқеи устувор пайдо намудаанд, ба фурӯш гузошта мешаванд.

Барои таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  умумии шаҳр  бо либоси ягонаи мактабӣ миёни шуъбаи маорифи шаҳр ва ин коргоҳҳо барои омода намудани 22 424 ҷуфт либоси мактабӣ шартномаи тарафайн баста шудааст. Ба иттилои манбаъ, то 10 август 12 ҳазор ҷуфт либос омода ва дастраси мактабиён гардидааст, ки ин 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон вобаста ба тайёрии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли хониши 2019-2020 иттилоъ дода шуд, ки то 8 август  кулли муассисаҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  танҳо   сохтмони  ҳашт синфхона ва ду кабинети корӣ дар назди муассисаи таълимии рақами №47, чор синфхона дар мактаби №45, панҷ синфхона ва маҷлисгоҳ дар мактаби №53, толори варзишӣ дар назди мактаби №44, ду устохонаи таълимӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ дар гимназияи шаҳрӣ, сохтмони биноҳои нави таълимӣ барои 330 ҷойи нишаст ва 240 ҷойи нишаст дар назди мактабҳои №7 ва №52    дар марҳилаи    анҷом  қарор дорад. Дар назар аст, ки иншооти зерин дар рӯзҳои   оғози    соли нави таҳсили   2019-2020 мавриди истифода қарор дода шаванд.

Ҳоло дар шаҳри Конибодом 55 муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла як муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 51 муассисаи таҳсилоти умумии миёна, як литсей, як гимназия, як муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва зиёда аз 2400 нафар омӯзгорон фаъолият доранд.

Тибқи иттилои пешакии масъулини шуъбаи маорифи шаҳр, дар соли таҳсили 2019-2020 қабули қариб 3500 нафар толибилмон ба синфи якум дар назар аст.

 

Август 14, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид