Доварони тоҷик ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 даъват шуданд

Август 21, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Доварони ФИФА аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон— Насрулло Кабирови 34-сола ва Гулмуроди Саъдуллои 28-сола ба бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 даъват шудаанд. Дар ин бора ба   АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, Насрулло Кабиров дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи «С»  миёни дастаҳои мунтахаби Камбоҷа ва Гонконг ба ҳайси довари чорум таъйин шудааст. Бозии мазкур 5  сентябри соли равон  дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа доир мешавад.

Гулмуроди Саъдулло ба вохӯрии дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои миллии Афғонистон ва Бангладеш ҳамчун довари эҳтиётӣ даъват гардидааст. Баргузории ин вохӯрӣ 10  сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Август 21, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод