Файзиддин Қаҳҳорзода: «Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ таъмин гардидааст»
ДУШАНБЕ, 02.-8.2019/АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисоди мамлакат дар шаш моҳи соли равон асосан аз ҳисоби 12,5 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 10,8 фоиз соҳаи кишоварзӣ, 9,4 фоиз гардиши савдо, аз ҷумла гардиши моли чакана 9,6 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар мамлакат соли равон ба 31 270,9 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7,5 фоиз баробар гардид.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3 583,8 миллион сомонӣ ва 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошанд.
Бо дахли ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ Файзиддин Қаҳҳорзода афзуд, ки соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 2 136,9 миллион доллар баробар гардид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77,9 миллион доллари амрикоӣ ё 3,8 фоиз зиёд аст. Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи 570,6 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот гардида, ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 26,7 фоизро ташкил менамояд.
Инчунин дар ин давра ба мамлакат аз хориҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 566,3 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид гардидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида беш аз 35 миллион доллари амрикоӣ ё 2,3 зиёд фоиз буда, ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ 73,3 фоизро ташкил медиҳад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






