Филми «Марди роҳ»-и Носир Саид Шоҳҷоизаи Фестивали телевизионии филмҳои мустанадро соҳиб гардид

Август 22, 2019 12:14

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивали телевизионии филмҳои мустанад-«Симо» гардид. Филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» омода шуда, муаллиф ва коргардони он Носир Саид мебошад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин филм бо истифода аз далелу асноди муътамади таърихӣ аз кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад. Тамошои филми мазкур  ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад.

Мавриди зикр аст, ки ҷашнвораи мазкур бори дуюм аст, ки бо ташаббуси Телевизиони «Синамо» гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни он 48 филми ҳуҷҷатӣ манзури ҳайати ҳакамон гардонида шуда, аз ин миқдор 22 филм ва барномаҳои телевизионии ба он монанд барои ширкат дар фестивал–озмун пешбарӣ гардиданд.

Дар асоси қарори ҳайати ҳакамон 14 нафар ҳуҷҷатнигорон барои офаридани филмҳои баландмазмун ва саҳми арзанда дар рушди кинематографияи тоҷик бо ҷоизаҳои Телевизиони «Синамо» қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин филм бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Дилбари Наҷмиддин (Телевизиони «Тоҷикистон») барои филми «Саёҳати Рашт» ва Шарафи  Кароматулло (Телевизиони «Ҷаҳоннамо») барои  филми «Истаравшан» ғолиб дониста шуданд.

Толиб Раҳматуллоев (Киностудияи «Тоҷикфилм»)  барои филми «Ҳадяи осмонӣ» дар номинатсияи “Таваҷҷуҳи тамошобин” соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамин гуна ҷоиза насиби Саидҷаъфар Сафарзода (Телевизиони  «Хатлон») барои филми «Бадахшон» гардид.

Неъматулло Неъматов (Телевизиони «Синамо»)  барои филми «Достони асп» дар номинатсияи «Беҳтарин танзим ва кори дизайнерӣ» муваффақ гашт.

Наворбардори беҳтарин Меҳрубон Маликов барои филми «Ганҷ» ва  Давлат Сафар барои таълифи «Достони асп» филмноманависи беҳтарин дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо»  2 сол қабл бахшида ба Соли ҷавонон  эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ шуда, маросими ҷоизасупории он дар “Кохи Наврӯз” бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор  гардида буд.  Ин навбат дуюмин маросими ҷоизасупории Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «Симо»  бо иштироки зиёда аз  700 нафар дар «Кохи Суруш» баргузор шуд.

Мақсад аз он дарёфти эҷодкорони касбӣ ва ба ин восита тарбияи мутахассисони соҳа мебошад. Ҳадафи ниҳоӣ ба вуҷуд овардани фазои рақобати солим миёни телевизиону киностудияҳои ватанӣ, дарёфту муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон ва дар ин замина саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи телевизион ва кино  арёбӣ карда мешавад.

Зикр гардид, ки фестивали мазкур ба ҷараёни амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2018 – 2022” мусоидат намуда, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди минбаъдаи кинои ватанӣ саҳм мегузорад.

Август 22, 2019 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад