Хуршед Икромӣ: «Дар тӯли 6 сол ба Маркази миллии тестӣ ягон аризаи шикоятӣ ворид нашудааст»
ДУШАНБЕ, 05.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 6 соли фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон аризаи шикоятӣ дар хусуси вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо ба марказ ворид нашудааст. Ин нуктаро Директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ 5 август зимни нишастӣ матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Ба зикри мавсуф, дар ин муддат аз тарафи баъзе довталабон аризаи шикоятӣ ворид шудааст, вале онҳо асос надоранд. Зеро худи довталаб ҳангоми пур намудани варақаи имтиҳонӣ ба ягон иштибоҳ роҳ медиҳад.
«Агар довталаб қоидаи пур кардани ҷавобҳоро риоя накарда бошад, дар ин сурат аризаи ӯ қабул намешавад. Бояд зикр намоям, ки агар довталаб аз холе, ки марказ аз рӯи имтиҳонҳо ба ӯ гузоштааст, норозӣ бошад ва вобаста ба нодуруст холгузорӣ кардани марказ асос дошта бошад, метавонад аризаи аппилятсионӣ пешниҳод намояд»,- илова намуд Директори Маркази миллии тестӣ.
Зикр гардид, ки яке аз бартариҳои марказ ин аст, ки ҳар як довталаб мустақилона метавонад холҳои бадастовардаашро ҳисоб намояд.
Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳони Марказонидаи Дохилшавӣ (ИМД) имсол дар ду марҳала – асосӣ (аз 1-уми март то 30 апрел) ва иловагӣ (аз 10 то 30 июн) гузаронида шуд. Дар ин давра барои иштирок дар ИМД-2019 ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 94 ҳазору 754 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 1065 нафар кам аст. Аз ин теъдод 58 ҳазору 737 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шудаанд, ки эълони он 3 август ба тамоми довталабон ирсол гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 19 то 22 августи соли равон озмуни такрории азнавбақайдгирӣ сурат мегирад ва довталабоне, ки дар даври аввал нагузаштанд, метавонанд дубора аз қайд гузашта, сазовори номи донишҷӯӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани Имтиҳонҳои Марказонидаи Дохилшавӣ мебошад.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






