ИҚДОМИ ҚОБИЛИ ДАСТГИРӢ. Сито Қосимӣ барои духтарони афғон мактаб месозад

Август 5, 2019 10:01

ДУШАНБЕ, 05.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Овозхони шинохтаи афғон Сито Қосимӣ тасмим гирифтааст, ки барои духтарони як минтақаи дурдасти Афғонистон мактаб бунёд намояд. Сито Қосимӣ ва вазири маорифи Афғонистон Мирвайс Балхӣ 3-юми августи соли ҷорӣ дар ин хусус қарордод ба имзо расонидаанд.

 Тибқи қарордод овозхон аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ барои бунёди як мактаби наву замонавӣ барои духтарони афғон 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст.

Мирвайс Балхӣ ба овозхон изҳори сипос карда, дигар  ашхоси машҳурро низ ба ин кор ҷалб кардааст, то аз чунин иқдомҳои нек дастгирӣ кунанд. Зеро дар чунин шароит давлату Ҳукумат танҳо аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо баромада наметавонанд.

Пас аз бунёди мактаб хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки аз синфи як то дувоздаҳ таҳсил намоянд. Қарор аст, мактаби бунёдшаванда ба яке аз бузургтарин муассисаҳои таълимӣ табдил дода шавад.

Сито Қосимӣ худ дар оилаи камбизоат ба воя расидааст ва ба ҳамин хотир мехоҳад барои фарзандони дигарон шароити таҳсил фароҳам орад. Ин иқдоми овозхонро ҷомеаи Афғонистон ҷонибдорӣ карда, ба ӯ изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан ҳунарманди маъруфи афғон Сито Қоисмӣ дар як суҳбат бо шабакаи телевизиони Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки орзу дорад, кишвараш мисли Тоҷикистон пур аз хушиву дур аз ғамҳо бошад ва умед мекунад, ки рӯзе дар Афғонистон сулҳи комил ва сартосарӣ ба даст меояд.

ДАР АКС: ҳангоми имзои ёддошти тафоҳум.

Август 5, 2019 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд