Идигул Қосимзода: «Дар назди бахшҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳо марказҳои иттилотӣ-машваратӣ кушода шуданд»
ДУШАНБЕ, 1.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва додани маслиҳатҳои равонӣ ба занон дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 110 маркази иттилотӣ-машваратӣ фаъол гардиданд. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷиҳати бо равоншиносон таъмин будани шуъба ва бахшҳои кор бо занони шаҳру ноҳияҳо баён дошт.
«Бо вуҷуди ташкил гардидани ин марказҳо мавридҳое ҳастанд, ки дар минтақаҳои кӯҳистон равоншиносон намерасанд. Дар ин ҳолатҳо мутахассисон аз кумита рафта, бо муроҷиаткунандагон суҳбат ороста, ба онҳо маслиҳатҳои равонию ҳуқуқӣ медиҳанд»-баён дошт Идигул Қосимзода.
Ба зикри номбурда, дар ин марказҳо як нафар ҳуқуқшинос ва як нафар равоншинос фаъолият намуда, онҳо аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегарданд.
«Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти хосса дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Ташкили марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ низ яке аз тадбирҳои нек дар самти дастгирии занону бонувон ба шумор меравад»,-иброз намуд Идигул Қосимзода.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳ ба марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ қариб ҳафт ҳазор шаҳрванд муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора қариб 5 ҳазорашро занон ва боқимондаро мардон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои номбурда, теъдоди зиёди ин муроҷиатҳо ба маслиҳатҳои равоншиносон вобаста буда, қисми дигари онҳо ба ҳуқуқшиносон дахл доранд.
Инчунин дар назди Кумита таълимгоҳи «Чароғи ҳидоят» мавҷуд аст, ки қариб сад нафар духтарон дар он ба тарбия ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин равоншинос Маҳмадулло Давлатов дар ин таълимгоҳ ба кор ҷалб шудааст.








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






