Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи бозрасиии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ки бо тарҳи хоса дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюми он панҷ ва дар ошёнаи сеюм се утоқи корӣ, толори маҷлис ва хобгоҳ ҷойгир мебошад. Дар таҳхонаи бинои мазкур бошад, хазина, ду утоқи корӣ ва толори варзишӣ барои кормандон, ҷойгир аст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, моҳи августи соли ҷорӣ, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо сифати баланд, бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.
Ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 адад мошини хизматӣ тақдим карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






