Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг

Август 7, 2019 10:10

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошанд, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҶСК “Спестехника” тайи қариб як сол бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассис ва сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонидааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо назардошти Нишон ва Парчами давлатӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг бунёд гардида, баробари мавриди истифода қарор гирифтанаш ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам намудааст.

Ҳамчунин дар ин макони зебову обод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Нишони давлатӣ бо назардошти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ  бунёд гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, ба истифода доданд. Ба иттилои масъулин, паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.

Аснои шиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия баҳои баланд дода, қомат афрохтани Нишон ва Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ифтихормандии насли ояндасози кишвар иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Мавриди таъкид аст, ки Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Ховалинг бо ҷойгиркунии пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ноҳия 58 адад чароғакҳои равшанидиҳанда, як фаввора, айвон, 30 курсӣ барои нишасти истироҳаткунандагон, 3 адад туннелҳои бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз, инчунин 500 адад обпошакҳо барои сабзу хуррам гардонидани майдони иншоот насб карда шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти лоиҳаи иншоот дар дохили боғ дар масоҳати умумии 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сохта шуда, майдони 18 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯш карда шудааст. Ба хотири зебогии боғ инчунин 200 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Шабона низ боғи мазкур зебогии ба худ хос дошта, сокинону меҳмонон метавонанд озодона дар он сайругашт намуда, истироҳату фароғат намоянд. Зеро ки Боғи фарҳагӣ-фароғатӣ дар шафати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд шуда, имконияти таъмин намудани фароғати сокинони ноҳияро шабонгаҳ низ дорад. Бо назардошти ин, боғи мазкур туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ховалинг мебошад.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд