Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишӣ ва ҳаммомро дар ноҳияи Ховалинг ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 7 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин Маҷмааи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни ҷавонон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зафар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи мазкур дорои се майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти варзишӣ 4 моҳ идома ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ҷалб шуда, аз ҳазор сомонӣ боло маош мегирифтанд.
Сарвари давлат зимни боздид аз ин маҷмаа ба сифати корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, иқдоми ин соҳибкорро намунаи хуби ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии гӯшае аз Ватан арзёбӣ намуданд.
Майдончаи бозии футбол 44 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ дошта, дар он шароити муосири машғул шудан ба ин намуди варзиш мавҷуд аст.
Майдони варзишии баскетбол бо дарозии 22 метр ва паҳноии 11 метр бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири машғул шудан ба варзишро барои ҷавонони маҳаллӣ муҳайё намоянд.
Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур дар татбиқи нақша -чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣмусоидат намуда, боиси боз ҳам такмил ёфтани инфрасохтори варзишӣ дар деҳот мегардад.
Атрофи майдончаҳо чароғон карда шуда, имкони шабона машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд мебошад.
Дар ин маҷмаа ҳамчунин ду ҳавзи болопӯшида мавҷуд аст, ки яке барои калонсолон ва дигарӣ барои хурдсолон пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат ба фаъолияти ин ду ҳавзи шиноварӣ низ оғози расмӣ бахшиданд.
Ҳавзи шиноварӣ, ки барои калонсолон пешбинӣ шудааст, бо дарозии 25 ва паҳноии 15 метр бунёд шуда, умқаш 1 метру 80 сантиметрро ташкил медиҳад. Минбаъд сокинон имкон доранд, ки дар чунин иншооти муосир ба шиноварӣ машғул шуда, дар баробари омӯхтани ин намуди варзиш ҳамчунин солимии худро барқарор намоянд.
Ҳавзи шиноварии кӯдакона бо дарозии 5 метр ва умқи 50 сантиметр имкони мусоидро барои ба шиноварӣ машғул шудани кӯдакону наврасон фароҳам овардааст.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити ин ду иншоот таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур дар ин самт мусоидати фаъол менамояд.
Дар назди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин аз ҷониби ин соҳибкори ватандӯст як ҳаммоми замонавӣ бунёд ёфтааст, ки дар ин рӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.
Ҳаммом, ки дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад, имкон дорад дар як вақт 25 нафарро қабул намояд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, дар рафти сохтмони он 10 нафар бо маоши аз 1000 то 1500 сомонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.
Ҳаммом дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардида, айни замон дар ин ҳаммом сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Дар ҳаммом 10 ҳуҷра, аз ҷумла хазина, утоқи истироҳати кормандон, 2 утоқ барои истироҳату фароғати мизоҷон, утоқи иваз намудани сару либос, 2 ҳуҷра барои шӯстушӯй ва 2 буғхона мавҷуд аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин макон ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуданд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд






