Кумитаи андоз ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо сертификати имзои электронии рақамиро ройгон ба роҳ монд

Август 2, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 2.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 майи соли равон дар ҷумҳурӣ  ба даст овардани сертификати имзои электронии рақамӣ ройгон ба роҳ монда шуд.

Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ бармеоянд, роҳандозӣ шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти мақомот барои ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшидан равона шудааст. Дар ин бора имрӯз муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.

«Дар айни замон зиёда аз 94,0 ҳазор субъектҳои хоҷагидор (85% шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома амалкунанда (ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) эъломияҳои худро бо ин тартиб ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд. Илова бар ин, ба зиёда аз 102 ҳазор нафар (100%) соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият намуда, тибқи муқаррароти  қонунгузорӣ андозҳоро бо маблағи устувор пардохт менамоянд, оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо аз соли 2013 тариқи электронӣ хизмат расонида мешавад»,-гуфт муовини аввали Раиси Кумитаи андоз.

Ба маълумоти номбурда, то имрӯз дар маҷмӯъ зиёда аз 196 ҳазор андозсупорандагон аз тартиби мазкур истифода мебаранд ва барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

Муовини аввали Раиси кумита инчунин зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва боз ҳам сода ва сабук гардонидани ҷараёни андозсупорӣ зиёда аз 20 адад модулҳо ва зермодулҳои нави компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки иҷрои уҳдадории андозро аз ҷониби андозсупорандагон осон, алоқаи бевоситаи андозсупорандагонро бо кормандони мақомоти андоз кам ва дар ин замина ба миён омадани омилҳои коррупсиониро маҳдуд менамоянд.

Инчунин аз оғози моҳи феврали соли 2019 модули таҷдидшудаи компютерии “Утоқи шахсии андозсупоранда” таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Ба ғайр аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ низ имконияти пайваст шудан ба ин модул фароҳам оварда шуда, имрўзҳо аз хизматрасонии электронии мазкур зиёда аз 250 ҳазор нафар шахсони воқеӣ истифода мебаранд.

Аюбҷон Солеҳзода дар бораи портали алоҳидаи хизматрасонӣ, ки аз 1 июни соли 2019 мавриди истифода қарор гирифт, маълумот дода, иброз намуд, ки дар доираи он 36 намуди хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар шакли электронӣ пешниҳод шуда истодааст.

Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир тамоюли афзоиш дошта, то 1 июли соли 2019 шумораи умумии андозсупорандагон 323,0 ҳазор ададро ташкил додааст. Ин нисбат ба 1 январи соли 2019 дар маҷмӯъ 7,0 ҳазор адад зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввал зиёда аз 10 600 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ муроҷиат намудаанд. Дар айни замон масъулин ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ кор бурда истодаанд.

Август 2, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид